| ||||||||||||||||||||||
|
суббота, 2 августа 2008 г.
درباره خط و توانايي هاي زبان فارسي
زبان فارسي، سترون يا زايا؟
| ||||||||||||||||||||||
|
пятница, 1 августа 2008 г.
Дўстон ва душманони забону хатти мо
Ниёкони мо дар куҳантарин замонҳо хатт надоштаанд ва онро аз бумиёне ёд гирифтанд ки сарзаминашонро ситонда буданд. Ин воқеъияти таърихӣ дар “Шоҳнома” ҳам ёд шудааст.
Нахустин хатте ки ариёҳо худ офариданд, хатти мехӣ буд ки дар замони подшоҳии Дориюши Ҳахоманишӣ (522 – 486 пеш аз милод) сохта шуд ва ҳамроҳ бо хаттҳои эломӣ ва оромӣ яке аз се хатти расмии Ариёно буд.
Дар замони фармонравоии юнониён (330 – 250 пеш аз милод) хатти расмии Ариёно хатти юнонӣ буд ва забони балхӣ ҳам ба ҳамин хатт навишта мешуд. Ин нахустин хатти аврупоии забонҳои эронӣ аст.
Дар замони фаромнравоии Ашкониён (250 пеш аз милод — 224 милодӣ) бар Эрон хатти расмӣ хатти паҳлавӣ шуд ки ҳамчун дигар алифбоҳои куҳани забони порсии миёна, суғдӣ, хоразмӣ ва балхии ғайриюнонӣ, баргирифта аз хатти идорӣ ва расмии оромии шоҳаншоҳии Ҳахоманишӣ буд.
Хатти авестоӣ низ баргирифта аз ҳамин хатти паҳлавист ки худ баргирфта аз хатти оромӣ аст.
Дар замони фармонравоии Сосониён (224 – 651 милодӣ) бар Эрон забони идорӣ ва расмӣ, яъне забони дарӣ, забони порсӣ буд ки мо онро имрӯз порсии мёна меномем ва он яке аз забонҳои эронист ки аз порсии бостон (забони рӯзгори Ҳахоманишиён) падид омадааст ва порсии нав (ҳамоне ки мо имрӯз онро форсӣ-дарӣ-тоҷикӣ меномем) дунболаи он аст. Хатте ки ин забон бад-он навишта мешуд боз ҳам баргирифта аз хатти оромӣ буд ва ин хаттро имрӯз нодуруст хатти паҳлавӣ меноманд.
Ин забонҳо ки ёд кардем ҳама забони мардуме буданд ки дар сарзаминҳои ғарби Ариёно ё Эрони имрӯза мезистанд ва азбаски пойтахти ҳама подшоҳиҳои эронӣ дар сарзаминҳои куҳани эломӣ ва оромӣ ҷой дошт, хатти забонҳои расмии ин подшоҳиҳо низ аз хатти ҳамон мардуми бумӣ баргирифта мешуд.
Аз онҷо ки сарзаминҳои шарқи Ариёно ё Турон – ҳамон Суғду Балху Хоразм – низ ҳамвора ё фармонбардои шоҳони Эрон буданд ва ё ҳамеша дар густараи фарҳангии Эрон ҷой доштанд, хатти забонҳои суғдӣ, балхӣ ва хоразмӣ ҳам дар кулл аз ҳамон хатти оромӣ пайравӣ мекард.
Хатти забони порсии нав баргирифта аз хатти арабист ки боз ҳам реша дар ҳамон хатти оромӣ дорад.
Пеш аз омадани арабҳо ба Тоҷикзамин мардум ба забонҳои суғдӣ, балхӣ, хоразмӣ ва сакоӣ сухан мегуфт ва менавишт (номаҳои Деваштичро ба ёд оварем) аммо забони порсиро низ медонист.
Забони порсии корбурдӣ дар Тоҷикзамин яке аз муҳимтарин ниҳодҳо ва намодҳои фарҳангии тоҷикон ба шумор мерафт ва мардум барои посдошти он дар баробари забони арабӣ сахт кӯшидаанд.
Дар густариши забон ва хатти порсии нав саҳми амирони Сомонӣ басе бузург аст. Амирони Сомонӣ ба хубӣ дарёфтанд ки агар забони форсӣ пойгоҳе дар дини Ислом надошта бошад ё пайдо накунад, ба сарнавишти дигар забонҳое дучор хоҳад шуд ки гарчӣ куҳантар аз забони арабӣ буданд, рафта-рафта фаромӯш шуданд. Аз ин рӯ бо диққат ва ҳушёрии тамом дар садади касби муҷҷавизе баромаданд ки бар асоси он битавон осори муҳимми эътиқодиро ба ин забон навишт. Пас аз уламои Мовароуннаҳр хостанд ки тақозои онҳоро на ба сурати дархосте маъмулӣ ё сиёсӣ балки ба унвони зарурате динӣ баррасӣ кунанд. Уламои Мовароуннаҳр фатво доданд ки: “Раво бошад хондану навиштани тафсири Қуръон ба порсӣ мар-он касро ки ӯ тозӣ надонад аз қавли Худои аззаву ҷалла ки фармуд:
«و ما اَرسلنا مِن رَسولٍ اِلا بِلِسانِ قـَومِه»؛
Фармуд: “Ман ҳеч пайғамбареро нафиристодам магар ба забони қавми Ӯ ва он забоне ки эшон донистанд”. Ва дигар он бувад ки ин забони порсӣ аз қадим боз донистанд, аз рӯзгори Одам то замони Исмоъили пайғамбар ҳама пайғамбарон ва мулукони заминӣ порсӣ сухан гуфтандӣ ва аввал касе ки сухан гуфт ба забони тозӣ Исмоъили пайғамбар (а) буд ва пайғамбари мо сали Аллоҳи алайҳ аз Араб берун омад ва ин Қуръон ба забони арабӣ бар Ӯ фиристоданд ва инҷо бад-ин ноҳият забон порсӣ аст ва мулукони ин ҷониб мулуки Аҷаманд” (Муҳаммад бинни Ҷарири Табарӣ, “Тарҷумаи Тафсири Табарӣ” ба тасҳеҳ ва эҳтимоми Ҳабиб Яғмоӣ, чопи 2, Теҳрон, “Тус”. саҳ. 5).
Ин фатвои уламои Мовароуннаҳрро метавон ва бояд нахустин Қонуни забон номид.
Порсии варазрӯдӣ дар асл омехтае аз забони суғдӣ, забони порсии дарӣ, ки дунболаи паҳлавӣ ва порсии сосонӣ ба шумор меравад ва забону хатти арабист.
Аз ин ҷост, ки дар забони гуфтории тоҷикон вожаҳои суғдиву бохтариву сакоӣ бисёранд. Барои намуна номи шаҳру рустову деҳаҳои куҳанро метавон овард, ки решаашонро дар забонҳои шарқии эронӣ пайдо мекунем. Матнҳои бозмонда аз адабиёти Варазрӯд нишон медиҳад, ки ин гунаи забонӣ то садаҳои 14 – 15 м. ба шакли қавӣ ба ҳаракати худ идома додааст, аммо пас аз гирифтани Шайбониён Варазрӯдро аз оғози садаи 16 м. густасте фарҳангӣ миёни Эрон ва Варазрӯд пеш омад, ки дигаргуниҳое дар гунаи забонии Варазрӯд падид овард. Ин раванд то поёни садаи 19 м. идома дошт. Пас аз инқилоби соли 1920 дар Бухоро ва рўи кор омадани ҳукумати пантуркистӣ нахуст забони порсӣ аз низоми коргузории расмӣ дур карда шуд ва сипас дар соли 1928 милодӣ ҷои хатти форсиро лотинӣ гирифт.
Дере нагузашт ки дар соли 1940 хатти кирилики русӣ бар дўши забони форсӣ бор карда шуд. Дар солҳои 1920 – 1980 забони форсиро ончунон содда ва “гуфторӣ” карданд ки «тоҷикӣ» ном гирифт ва рафта-рафта рў ба нестӣ ниҳод.
Бархе аз тоҷикдўстон бар ин шуданд ки миллату забону фарҳанги тоҷикро аз чанги бегонагон раҳо кунанд ва дар паи муборизаи онҳо 22 июли 1989 қонуне тасвиб шуд ки забони тоҷикиро забони расмӣ эълом кард ва «Қонуни забон» ном гирифт. Аммо ин дувумин Қонуни забон ҷавонмарг шуд. Дар ин бора устод Муҳаммадҷон Шакурӣ дар китоби “Хуросон аст ин ҷо” (Душанбе, Оли Сомон, 1997) чунин мегӯяд:
«20 июли соли 1994 дар иҷлосияи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи Қонуни Асосӣ баррасӣ шуд. Яке аз моддаҳои Қонуни Асосӣ ин буд: «Забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон забони тоҷикӣ (форсӣ) мебошад». Намояндаи халқ Шӯҳрат Султонов аз номи интихобкунандагони як вилояти бузурги кишвар пешниҳод кард, ки аз он моддаи Қонуни Асосӣ калимаи «форсӣ» фурӯгузор шавад. Ш. Султонов барои ин пешниҳоди худ чунин даел овард, ки мо тоҷикем, на эронӣ ва забони мо тоҷикист, на форсӣ. Вай, ки ба забони русӣ суханронӣ мекард, гуфт: «Ман мефахрам, ки тоҷик ҳастам. Мо ба миллат ва забони худ бояд фахр кунем». Вай ва баъзе касони дигар гумон доранд ки забони худро форсӣ номидани мо ва ба худ эроният нисбат доданамон шаъни миллии моро паст мекунад. Пешниҳоди он намоянда ва «далелу бурҳон»-аш ба намояндагони халқ маъқул афтод. Порлумони Тоҷикистон он рӯз тасмим гирифт, ки вожаи «форсӣ» аз номи забони миллии тоҷикон берун андохта шавад.
Ҳамон рӯзи 20 июли 1994, ки порлумони Тоҷикистон аз номи забони мо – аз таъбири «забони тоҷикӣ (форсӣ)» калимаи «форсӣ»-ро берун андохт, нисбат ба забони модарӣ боз як тасмими нораво гирифт: ҳангоми баррасии матни лоиҳаи Қонуни Асосии Ҷумҳурии Тоҷикистон истилоҳотеро чун додгоҳ, додгустар, додситон, раиси ҷумҳур рад карда, ба ҷои онҳо вожаҳоеро аз қабили суд, судья, адвокат, прокурор қабул намуданд. Он аъзоҳои порлумон, ки намояндаи халқ ном дошта, вале аз андешаи миллӣ ориву барӣ буданд, ҳеҷ мулоҳиза накарданд, ки агар аз номи забони миллӣ калимаи «форсӣ»-ро кӯр кунем, агар аз дод, додхоҳ, додгоҳ, додгустар ва ғайра, аз чунин калимаҳои асили тоҷикӣ даст кашем, қисман аз асли худ даст хоҳем кашид.
Наметавонам аз чунин эзоҳе худдорӣ кунам: калимаи дод ба маънои қонун ва адолат дар Авасто ба кор рафтааст, яъне 3 ҳазор сол аст, ки дар забони мо вуҷуд дорад. Онҳое, ки дар айёми мо, дар даврони истиқлоли миллӣ онро аз Қонуни Асосӣ, аз миёни истилоҳоти ҳуқуқӣ ва иҷтимоъиву сиёсии он берун андохтанд, хилофи таърихи се ҳазор сол рафтанд...
Порлумони мо аз нишони миллӣ як рамзи анъанавии маънавии мо – сурати шерро берун андохта, ба ҷои он ниҳоли пахтаро, ки ҳеҷ гоҳ ба қатори рамзҳои маънавии мардуми мо дохил нашуда буд ва аз моддиёт гирифта шудааст, дохил кард, яъне моддиётро аз маънавиёт афзалтар донист. Ин тарз бар зидди аломатҳои миллияту маънавияти мардум овоз додани аъзои порлумон дигар мисолҳо ҳам дорад. Инҳо ҳама намунае аз миллиятзудоӣ ва маънавиятпарҳезист... Миллатҳаросӣ, миллиятпарҳезӣ ва маънавиятгурезӣ ҳама як маъно доранд, аз ҳам дур нестанд. Ҳама аз инкори арзиши фардияти инсон ва моҳияти инсонии шахс cap задаанд. Ҳама дар замони шӯравӣ аз кӯшишҳои саркӯбии миллатҳо, аз саркӯбии ҳуввиятҷӯӣ ва вежагии нотакрори ҳар шахсу ҳар ҷомеа, аз моддигароӣ ва маънавиятбезорӣ ба ҳосил омада буданд ва мероси он замонанд. Ин ҳам маълум аст, ки аксари мероси шӯравӣ зоғи бадмур аст ва заҳри он дер гоҳ аз сиришти мо нахоҳад рафт».
Устод Шакурӣ инро даҳ сол пеш навишта буд аммо барои имрўз ҳам росту дурустанд. Ҳукумати Тоҷикистон имсолро соли забони тоҷикӣ эълом карда ва барномаҳое баргузор мекунад. Бехабар аз он ки он қонунро кушта ва забонро ҳам «рузбакӣ» гардонда аст. Забоне ки имрӯз дар Тоҷикистон бад-он сухан мегӯянду расона менигоранд сахт олуда ва носуфта аст. Забонест нимарусӣ ва нимаузбакӣ ва аз тоҷикӣ дар он танҳо «ӣ» мондаву бас...
Дуруст аст ки имрӯз ҷомеъаи мо бештар дар ғами нону ҷон аст то дар андешаи ному забон. Ман бар ин боварам ки мушкилоти илмӣ, омӯзишӣ ва фарҳангиву маънавии ҷомеъаи мо пайомади тағйири хатт аст. Соддасозӣ забони моро аз авҷи Зуҳал бар қаъри гили сиёҳ кашонд.
Хатти порсӣ воқеан хатти аслии забони мост. Забони порсии замони Сосониёнро ба 7 дабира менавиштанд аммо аз он ҳафт хатт якеш ҳам ба замони мо нарасид. Он чиро ки адабиёти порсӣ меноманд ва ҷаҳонгир ҳам будааст ба ҳамин хатти арабиасос офарида шудааст. Хатти порсӣ бо ҳама камбудаш вижагиҳои забони моро дақиқан мерасонад зеро дар ин хатт муҳим навишти вожа аст на талаффузи он. Чунончӣ, шерозие «мекунам»-ро “mikonom” талаффуз мекунад ва хатлоние “mek’n’m” мегӯяду кобулие “mekonom” ва теҳроние “mikonam” аммо тарзи навишти ҳамаи онҳо ҳамон می کنم аст ва дар ҳеч гӯише тағйир намекунад.
Ҳамин хатти порсӣ буда ки аз гӯишҳои парешону парокандаи мо забоне ягона ва навишторӣ офарида ки имрӯз онро забони форсӣ-дарӣ-тоҷикӣ меноманд аммо дар асл ЗАБОНИ ПОРСӢ аст.
Аз ҳамин рӯ мо бояд дубора ин хаттро ба кор гирем то забонамон тоҷикӣ ва пиндору кирдору гуфторамон тоҷикона шавад. Аммо бозгашт ба хатти порсӣ бояд барномарезишуда ва замонбандишуда сурат гирад. Бозгашт ба хатти порсӣ барои мо “бозгашт ба оянда” хоҳад буд.
пятница, 11 июля 2008 г.
Конфликт в таджикском бюро радио «Озоди». Сайёфи Мизроб хлопнул дверью, а руководство поблагодарило его за плодотворную работу
По его словам, накануне он получил письмо по электронной почте от С. Мизроба, где тот выражал недовольство и несогласие работать согласно произошедшим несколько месяцев назад в душанбинском бюро изменениям (изменения касаются внутренней работы на радио и программах).
Там же он заявил о своей отставке. «В течение многих лет мы были довольны работой Сайёфи Мизроба, поэтому в ответном письме я поблагодарил его за сотрудничество с радио и пожелал удачи», - сказал он, подчеркнув, что руководство с уважением отнеслось к решению журналиста.
Что касается резких интонаций по поводу работы радио, указанных в распространенном сегодня в СМИ заявлении бывшего сотрудника радио «Озоди», то К. Шахиди подчеркнул, что радио более 55 лет делает программы для Таджикистана на таджикском языке и «пользуется доверием у населения за сбалансированное, объективное освещение событий в Таджикистане и за его пределами».
Вместе с тем, в заявлении С.Мизроба в резкой форме заявляется протест в отношении мер, указанных в текстах контрактов, составленных таджикским бюро радио, которые, по его словам, противоречат трудовому законодательству РТ.
Более того, по мнению С.Мизроба, радио «Озоди» в последние годы все действия правительства РТ оценивает только с критической стороны.
«На основании всего этого, учитывая, что мои права как гражданина и журналиста попираются, а я не хочу под давлением руководства таджикского бюро радио «Озоди» выступать против своего народа и своей родины, я оставляю работу на этом радио», - говорится в заявлении.
Автор: Наргис Хамрабаева